Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Дана Уайт: “Аввалаш хубу охираш бад шуд”
Шоми 25-ум ба 26-уми октябр дар Абу-Даби мусобиқаи UFC 321 доир гашт, ки муҳорибаи асосии он миёни чемпиони вазни вазнин Том Аспинэлл ва довталаб Сирил Ган барои камарбандӣ чемпионӣ буд.
Муҳорибаи асосии мусобиқа дар раунди якум ба анҷом расида, ғолиб муайян нашуд ва ҳамчунин рақобатро баргузорнашуда эълон карданд, зеро размкори фаронсавӣ Сирил Ган нохост бо ангуштонаш ба чашмони размкори британӣ Том Аспинэлл зад ва чемпион муҳорибаро давом дода натавонист.
Дар ин росто, роҳбари ташкилоти UFC Дана Уайт дар нишасти хабарӣ чунин гуфт: “Мусобиқа бисёр хуб оғоз шуд ва рамзкорон баромади олиҷаноб нишон медоданд, вале тавре ки дидед, охираш, муҳорибаи асосӣ хеле бад ба анҷом расид. Чемпион Том Аспинэлл муҳорибаро давом додан нахост”.
Ҳамчунин, довталаби камарбанди чемпионӣ дар вазни вазнин Сирил Ган дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки Том Аспинэлл барои идома додани муҳориба агар розӣ мешуд, хуб мебуд, аммо ин корро накард.
Дар пасманзари ин муҳориба роҳбари ташкилоти UFC Дана Уайт ба рӯзноманигорон гуфт, ки муҳорибаи такрории Том Аспинэлл ва Сирил Ганро дар наздиктарин фурсат ташкил хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод