Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Ҳушдори ҷаҳон: гуруснагӣ дар Афғонистон ба авҷи худ расидааст
Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ гуфт, ки тақрибан нисфи аҳолии Афғонистон муодили 23 миллион нафар аз ноамнии шадиди ғизоӣ ранҷ мебаранд ва вазъияти камғизоӣ, бахусус дар миёни кӯдакони то панҷсола, ба сатҳи ҳушдор расидааст.
Барномаи озуқаворӣ дар изҳороти худ ҳушдор дод, ки буҳрони гуруснагӣ дар Афғонистон шиддат гирифта ва ҳоло беш аз нисфи аҳолии ин кишвар дар ҳолати ноамнии шадиди ғизоӣ қарор доранд. Ин ниҳод бо ишора ба сатҳи нигаронкунандаи камғизоӣ таъкид кард, ки кӯдакони то панҷсола дар вазъияти ниҳоят осебпазир қарор доранд.
Ин созмон сабабҳои зиёдеро барои шиддат гирифтани буҳрони мазкур зикр намудааст, аз ҷумла буҳрони иқтисодии тӯлонӣ, паёмадҳои тағйирёбии иқлим, бекории густурда ва таъсири таҳримҳову маҳдудиятҳои байналмилалӣ бар ҷараёни кумакҳои башардӯстона ва иқтисоди кишвар.
Дар изҳорот зикр шудааст, ки агар кумакҳои башардӯстона ба таври фаврӣ ва назаррас афзоиш наёбанд, эҳтимоли боло рафтани фавти одамон бар асари гуруснагӣ ва камғизоӣ дар моҳҳои оянда хеле зиёд хоҳад шуд. Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ аз ҷомеи байналмилалӣ даъват намуд, ки ҳаҷм ва суръати кумакҳоро зиёд карда, аз ба вуқуъ омадани фоҷеаи башардӯстона пешигирӣ кунанд.
Ин ниҳод ҳамчунин, ҳушдор додааст, ки идомаи ҳамзамони омилҳои иқтисодиву иқлимӣ метавонад дастрасии оилаҳоро ба ғизо боз ҳам маҳдудтар гардонад ва фишору буҳронро бар гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла кӯдакон, занони ҳомила ва пиронсолон бештар намояд.
Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ аз кишварҳои кумаккунанда ва созмонҳои башардӯстона даъват кардааст, то бо таҳвили захираҳои молиявӣ ва логистикии бештар ва суръат бахшидан ба амалиёти наҷотбахш, аз шиддат гирифтани ин вазъияти фоҷеабор пешгирӣ намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд