«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Дар 9 моҳ 59 ҳазору 230 нусха адабиёт ба Китобхонаи миллӣ ворид гардид
Тавре ки аз шуъбаи мукаммалгардонии фонди Китобхонаи миллӣ хабар медиҳанд, дар нуҳ моҳи соли равон ба фонди мазкур 59 ҳазору 230 нусха адабиёт ворид гардидааст.
Ба навиштаи манбаъ, 55 ҳазору 132 нусха китоб, 1849 нусха маҷалла, 402 нусха диссертатсия, 402 нусха автореферат, 50 нусха нашрияи давомноки илмӣ, 33 адад нота, 8 адад изографик ва 1351 нусха автореферати хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
“Адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳида 51 ҳазору 49 нусхаро ташкил дод, ки ба ҳар яки он баргаҳо аз рўи сол, алифбо ва ҷои нашр навишта, дар феҳристи шуъба ҷо ба ҷо карда шуда, ба бахшҳои дахлдор равон карда шуд”, - омадааст дар хабарномаи Китобхонаи миллӣ.
Гуфта мешавад, ки аз сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ 496 нусха китоб ворид гардида, ҳамчунин 531 нусха маҷаллаи обунавии ватанӣ ва 114 нусха маҷаллаи хориҷӣ ва 1204 адад маҷаллаи ҳатмӣ ба қайд гирифта шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар баробари ворид шудани китобҳо, тибқи мактубу дархостҳои вазорату муассиса ва мақомоти қудратӣ дар соли ҷорӣ, 29 ҳазору 900 нусха китоб аз ҳисоби китобҳои бисёрнусхаӣ тариқи ройгон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад