3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:01, Душанбе
11.10.2025 08:59

Амирхон Мутаққӣ дар Деҳлии нав. Ҳиндустон Толибонро ба расмият мешиносад

Вазири умури хориҷии гурӯҳи террористии Толибон бо як сафари расмӣ вориди Деҳлии нав шуда, бо мақомоти ин кишвар дар хусуси густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва боло бурдани сатҳи равобити дипломатӣ гуфтугӯ кардааст.

Бар асоси гузориши расонаҳо, Зиёаҳмад Такал, раиси робитаҳои умумии Вазорати корҳои хориҷии Толибон гуфт, ки Амирхон Мутаққӣ бо ҳадафи гуфтугӯ бо вазири корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти баландпояи ҳиндӣ ба Деҳлии нав сафар кард. Дар ин мулоқот масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла рушди робитаҳои миёни Кобулу Деҳлӣ баррасӣ шуданд.

Амирхон Мутаққӣ, Вазири корҳои хориҷии Иморати Исломии Афғонистон баъди ширкат дар нишасти Маскав бо даъвати расмии Ҳиндустон ба як сафари давлатӣ ба Деҳлии нав рафт.

Баъзе расонаҳои ҳиндӣ низ ба нақл аз сарчашмаҳои Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар доданд, ки Амирхон Мутаққӣ барои як сафари панҷрӯза вориди Ҳиндустон шудааст.

Ин аввалин сафари як мақоми баландпояи Толибон ба Ҳиндустон баъди ба қудрат расидани онҳо дар Афғонистон дар соли 2021 мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар илова ба мавзуи ба расмият шинохтани Иморати Исломӣ масъалаи кумакҳои башардӯстонаи Ҳиндустон ба Афғонистон ва лоиҳаҳои зерсохторӣ низ маврии муҳокима қарор мегиранд.

Ба гузориши расонаҳои ҳиндӣ, ҳамчунин, гуфтугӯҳое дар хусуси баланд бардоштани сатҳи робитаҳои дипломатӣ, фаъол гардидани сафоратхонаҳо ва рушди хизматрасониҳои консулгарӣ миёни ду кишвар сурат хоҳад гирифт.

Ин сафар талошҳои Толибонро барои густариши иртибот бо қудратҳои минтақавӣ ва бо мақсади таҳкими равобити иқтисодӣ ва дар ниҳоят ба расмият шинохта шудани равобити дипломатӣ рӯшан месозад. То ҳоло фақат Русия ҳукумати Толибонро ба расмият шинохтааст.

Аз назари таърихӣ робитаҳои Деҳлӣ ва Кобул дӯстона буда, аммо баъд аз хуруҷи неруҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Афғонистони ҷангзада дар соли 2021 ва бозгашти Толибон ба қудрат Ҳиндустон сафорати худро дар Кобул баста буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.