Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд
9-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот анҷом доданд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо талошҳои муштарак ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ду кишвар тавонистаанд тамоми масъалаҳои мавҷударо дар муносибатҳои дуҷониба ҳал кунанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо зарурати иҷрои тавофуқоти қаблан бадастомадаро таъкид намуданд ва истифодаи самараноки имкониятҳои Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ва Шурои байниҳукуматиро барои таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Сарони давлатҳо изҳор доштанд, ки густариши робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ метавонад ба таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар мусоидат кунад.
Ҳамчунин, ҳамкории наздики Тоҷикистону Қирғизистон дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои якдигар дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид гардид.
Дар поён, ҷонибҳо атрофи масоили амнияти минтақавӣ ва роҳҳои вокуниш ба таҳдидҳои муосир гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод