Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд
9-уми октябр Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки вохӯриҳои мунтазам миёни роҳбарони ду кишвар ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ мусоидат мекунанд.
Сарони давлатҳо ба рушди устувори муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд дода, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонӣ таъкид намуданд.
Ҷонибҳо афзоиши иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаро яке аз самтҳои асосии рӯзномаи миёнидавлатӣ арзёбӣ карданд. Дар ин замина, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки ҷаласаи ахири он дар шаҳри Хиваи Ӯзбекистон баргузор шуд, мусбат арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва татбиқи технологияҳои “сабз” таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуданд.
Дар мулоқот рушди робитаҳои байниминтақавӣ ва ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев зарурати идомаи табодули илмиву фарҳангиро таъкид карданд.
Дар анҷом, сарони ду кишвар изҳори итминон намуданд, ки иқдомҳои муштараки амалишаванда ба нафъи мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва таҳкими дӯстии ду давлати ҳамсоя хизмат хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод