3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:04, Душанбе
10.10.2025 08:35

Исроил аз Путин хост ба Эрон паёми сулҳашро бирасонад

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, гуфт, Исроил аз тариқи Маскав ба Теҳрон паём фиристод ва таъкид намуд, ки хоҳони даргирӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ нест.

“Роҳбарони Исроил аз мо хостанд, ба дӯстони эронии худ иттилоъ диҳем, ки Тел-Авив ба дунболи созиш ва танзими равобит аст, тамоюле ба рӯёрӯӣ надорад” – таъкид кард Владимир Путин.

Дафтари матбуоти Президенти Русия иттилоъ дод, ки ин масъала дар гуфтугӯи ахири Владимир Путин бо Бенямин Нетаняҳу матраҳ шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, Русия дар талош аст бо ҳифзи тамоси ҳамзамон бо Теҳрон ва Тел-Авив нақши миёнҷигарии фаъолтаре дар танишҳои Ховари Миёна ифо кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.