Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
22 медал аз 6 намуди варзиш. Дастоварди варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ИДМ-2025
Аз 28-уми сентябр то 8-уми октябр III Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон доир гардид, ки Тоҷикистонро 142 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш намояндагӣ карданд
Тибқи иттилои сомонаи varzishtv.tj дар III Бозиҳои Бозиҳои ИДМ-2025 варзишгарони мо дар 6 намуди варзиш 22 медал ба даст оварданд.
Муваффақияти варзишгарони тоҷик дар III Бозиҳои Бозиҳои ИДМ-2025 бо ин тартиб аст:
Бокс: Беҳрӯз Умаров (50 кг) медали тилло, Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг) медали нуқра, Акбарҷон Абдуллоев (57 кг) медали нуқра, Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг) медали биринҷӣ (миёни духтарон), Дамир Назаров (46 кг) медали биринҷӣ, Умарҷон Асроров (66 кг) медали биринҷӣ ва Амир Нозимов (75 кг) медали биринҷӣ.
Ҷудо: Юсуф Замонов (-50 кг) медали нуқра, Абубакр Худоиев (-55 кг) ва Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг) медали биринҷӣ.
Куштии юнонӣ-румӣ: Алишер Рӯзимадов (71 кг) медали нуқра, Муҳаммадёсин Ибодуллоев (45 кг) - медали биринҷӣ, Маҳдӣ Баротов (60 кг) медали биринҷӣ.
Куштии тарзи озод: Идрис Баҳромов (-71 кг) медали биринҷӣ, Алиризо Баҳромов (-80 кг) медали биринҷӣ.
Самбо: Назаралӣ Холов (64 кг) медали биринҷӣ, Ёсин Ҳукуматов (71 кг) медали биринҷӣ.
Таеквондо: Абдуҷаъфари Баҳодур (54 кг) медали биринҷӣ, Нурулло Муродов (74 кг) медали биринҷӣ.
Дар қаиқронӣ ду варзишгари тоҷик 3 медал ба даст оварданд: Муҳаммадӣ Раҷабов (каноэи якнафарӣ, 500 метр) медали нуқра, Муҳаммадӣ Раҷабов (каноэи якнафарӣ, 200 метр) медали биринҷӣ, ҷуфти Ислом Носиров ва Далер Носиров (К-2, 200 метр) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод