3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
09.10.2025 08:51

Рӯзҳои кинои Эрон дар Душанбе. Кадом филмҳо намоиш дода мешаванд?

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, ки 15-уми октябри соли равон дар доираи дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” Рӯзҳои синамои Эрон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки филмҳои эронии “Шаҳсавор” (коргардон Ҳусейн Намозӣ), (“Ғариза” коргардон Сиёвуш Асадӣ), “Пул дар рӯйи рӯдхонаи хурд” (коргардон Эҳсон Оқилӣ)  ва филмҳои кӯтоҳи “Ҳикояи кӯтоҳ”, “Хусрав 127”, “Бешаҳрвандӣ”, “Бозии тақдир”, “Беохир” намоиш дода мешаванд.

“Дар сатҳи баланд баргузор гардидани Рӯзҳои синамои Эрон ба рушди минбаъдаи синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, боиси рӯйи кор омадани лоиҳаҳои нави синамоии муштарак дар соҳаи кинематографияи ду халқи дӯсту бародар хоҳад гашт”, омадааст дар хабарномаи “Тоҷикфилм”.

Ёдовар мешавем, ки аз 15-ум то 20-уми октябри соли ҷорӣ дар кишвар дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” бо номи “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.