3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
06.10.2025 14:44

Дар Бадахшони Афғонистон ғори давраи зурдуштиҳо кашф шуд

Вазорати иттилоот ва фарҳанги Иморати Исломӣ аз кашфи як ғори таърихӣ бо беш аз 500-солаи таърих дар ноҳияи Хоши вилояти Бадахшон хабар дод.

Масъулони вилояти Бадахшон мегӯянд, бар асоси таҳқиқоти ибтидоӣ ин ғор ба давраи пеш аз ислом ва асри зардуштиён тааллуқ дорад ва метавонад иттилооти арзишманде дар хусуси зиндагӣ ва ҳунари мардумони қадимаи ин минтақаро пешниҳод кунад.

Мудири бахши фарҳанг ва ҳунари Раёсати иттилоот ва фарҳанги Бадахшон гуфт, ки ин ғор дар вақти кофтани хоки як теппа аз ҷониби сокинони маҳаллӣ барои корҳои бунёдкорӣ ва бозсозӣ пайдо шудааст ва то ҳол пораҳои кӯлолӣ ва қисмҳое аз чароғдонҳои сангӣ аз он ёфт шудаанд. Ӯ гуфт, таҳқиқоти илмӣ ва баррасии дақиқ барои мушаххас кардани таърих ва хусусиятҳои таърихии ғор ҳамчунон идома дорад.

Ин кашф ба Раёсати бостоншиносии Вазорати иттилоот ва фарҳанг гузориш додааст, то гурӯҳҳои тахассусӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ғорро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ба феҳристи минтақаҳои бостонии кишвар ворид намоянд. Коршиносон бар ин боваранд, ки кашфи чунин мавзеъҳо ба ғайр аз аҳамияти илмӣ, метавонад дар шинохти тамаддунҳои қадим ва ҳифзи мероси фарҳангии Афғонистон нақши муҳим бозад.

Масъулони соҳаи фарҳанг таъкид намудаанд, ки талошҳо барои шиносоӣ ва ҳифзи чунин осори таърихӣ идома хоҳад ёфт ва пас аз анҷоми таҳқиқоти комил иттилооти бештар ба ҷомеа пешниҳод карда мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.