Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Толибон устодони донишгоҳро ба хотири надоштани риш ва либоси толибонӣ аз ҳаққи таълим ва дараҷаи илмӣ маҳрум мекунанд
Вазорати таҳсилоти олии гурӯҳи террористии Толибон устодони донишгоҳҳоро, ки меъёрҳои ин гурӯҳ барои либос ва ришро риоя намекунанд, аз ҳаққи дарсу корҳои илмӣ маҳрум мекунанд.
Тибқи иттилои расонаҳои афғонистонӣ дарҷаи илмии устодони донишгоҳҳои Афғонистон, ки “сират ва чеҳраи онҳо мувофиқи шаръ нест”, бекор карда мешавад.
Дар номаи расмии Вазорати таҳсилот зикр шудааст, ки масъалаи таъқиби боло бурдани дараҷаи илмии устодони донишгоҳ дар Шурои раҳбарии ин ниҳод баррасӣ шудааст. Бо қарори ин Шуро “аъзои кадри илмӣ, ки сират ва чеҳраи онҳо ба шаръ мувофиқат надорад, парвандаҳои дараҷаи илмии онҳо бояд ба таъхир гузошта” шавад.
Дар ин санад бар сардорони донишгоҳҳо супориш дода шудааст, то замоне ки аз “сират ва чеҳра” –и устодони донишгоҳ итминон пайдо накардаанд, парвандаҳои боло бурдани дараҷаи илмии онҳоро ба Вазорати таҳсилоти олӣ нафиристанд.
Гурӯҳи Толибон бо оғози соли таҳсили нав роҳнамоиҳои мушаххасеро барои либос ва рафтори устодон ва донишҷӯён содир кардаанд. Ин роҳнамоиҳо асосан бо назардошти принсипҳои шаръии исломии дилхоҳи Толибон ва фарҳанги сахтгир ва муҳофизакоронаи онҳо таҳия шудаанд.
Тибқи ин роҳнамоиҳо донишҷӯён ва устодони донишгоҳ бояд либоси анъанавии пироҳан-танбон пӯшанд, дастор ба сар кунанд ва риши худро кӯтоҳ накунанд.
Вазорати таҳсилоти олии гурӯҳи террористии Толибон ин роҳнамоии сахтро дар мактабҳои писарона низ татбиқ мекунанд. Шогирдон ва донишҷӯёне, ки ин роҳнамоиҳоро риоя намекунанд, наметавонанд ба синфҳои дарсӣ ворид шаванд.
Баъди тасаллути Толибон ба Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 донишгоҳҳои ин кишвар гувоҳи тағйироти густурда шудааст. Ҳоло донишҷӯёни духтар наметавонанд ба донишгоҳ ворид шаванд ва низоми таҳсилоти олӣ бо ҳазф ва тағйири густурда рӯ ба рӯ шудааст.
Садҳо устоди донишгоҳ ва кадрҳои илмӣ аз кишвар гурехтаанд ва Толибон назорати иҷтимоӣ ва динии сахтро дар донишгоҳҳо татбиқ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд