Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
“Истиқлол”-и Тоҷикистон “Гоа”-и Ҳиндустонро шикаст дод
Бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дастаи “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Бозии мазкур шоми гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид.
Гуфта мешавад, ки голҳои дастаи “Истиқлол”-ро Рустам Соиров ва Ризо Деҳқонӣ ба дарвозаи рақиб ворид карданд.
Бошгоҳи “Истиқлол” се имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи "D" зинаи сеюмро касб кард.
Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 чор бозии дигар мегузаронад. Аз ҷулма, дар даври 3-юм, 22-уми октябр бо “Ал-Завра” (дар майдони худ), дар даври 4-ум, 5-уми ноябр бо “Ал-Завра” (дар меҳмонӣ), даври 5-ум, 26-уми ноябр бо “Ал-Наср” (дар майдони худ) ва дар даври 6-ум, 24 декабр бо “Гоа” (дар меҳмонӣ) рақобат хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод