«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Имкони донишҷӯ шудан ҳаст. Киҳо метавонанд дар тақсимоти такрорӣ иштирок кунанд?
Бинобар иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1-ум то 4-уми октябри соли равон азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ доир мегардад.
Манбаъ илова мекунад, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақсимоти такрорӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд: довталабоне, ки дар тақсимот (-и асосӣ) дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд; довталабоне, ки дар тақсимот (-и асосӣ) ба ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки довталабон барои иштирок дар ин тақсимот бояд дар рӯз ва вақти дар паёмак нишондода дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав аз қайд гузаранд.
Гуфта мешавад, ки бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ танҳо дар бинои асосии Марказ ва бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳонҳои Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад