3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:01, Душанбе
25.09.2025 09:37

Посухи Русия ба Трамп: Русия “бабри қоғазӣ” нест, хирс аст

Федератсияи Русия дар вокуниш ба суханони Доналд Трамп, ки Русияро “бабри коғазӣ” номида буд, гуфт, ки Русия хирс аст.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар суҳбат бо расонаҳо гуфт: “Русия бабр нест, балки хирс аст ва хирси қоғазӣ вуҷуд надорад”.

Ӯ ҳамзамон афзуд, ки Маскав ба талошҳои Президенти Амрико барои ҳалли низои Украина эҳтиром мегузорад.

Доналд Трамп рӯзи сешанбе дар мулоқот бо Владимир Зеленский, Президенти Украина гуфт, ки ба қудрати Украина барои бозпас гирифтани тамоми заминҳои ишғолкардаи Русия ва ҳатто бештар аз он бовар дорад.

Ӯ баъди ин мулоқот дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шабакаи иҷтимоии худ “Truth Social” Русияро “бабри қоғазӣ” номиду навишт, ки Украина бояд ҳоло иқдом кунад, зеро Русия бо “мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ” рӯ ба рӯ аст.

Ин суханон, ба гуфтаи таҳлилгарон як тағйири ногаҳонӣ ва чашмгир дар лаҳни Кохи сафед ба манфиати Украина маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Украина дар ҳафтаҳои охир ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини худро ба инфрасохтори нафту гази Русия бештар карда, корхонаҳои коркарди нафт ва хатҳои лӯлаи содиротиро ҳадаф қарор додааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба назар мерасад, музокирот барои сулҳ бо Маскав ба бунбаст расидааст.

Доналд Трамп рӯзи сешанбе ҳамчунин, гуфт, ки кишварҳои узви НАТО бояд ҳавопаймоҳои Русияро дар сурати ворид шудан ба фазои ҳавоии онҳо сарнагун созанд. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки оё Амрико дар чунин ҳолат аз муттаҳидони НАТО ҳимоят хоҳад кард ё не, ӯ посух дод: “Ба шароит вобаста аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.