«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Иштироки 509 кас дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” аз 25-ум то 30-юми сентябр доир мегардад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар даври сеюми озмуни мазкур 509 ғолиби даври дуюм миёни ҳам иштирок мекунанд.
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” аз рӯи номинатсияҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки даври якуми озмуни мазкур аз 1-уми апрел то 10-уми майи соли равон дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷамҳурӣ доир шуда, иштирокчиёни беҳтарин ба даври дуюм роҳхат гирифта буданд. Даври дуюм бошад, аз 10-уми июн то 5-уми июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад