Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
“Беасос, хатарнок ва ғайритиббӣ”. Вазорати тандурустӣ ба навори баҳсбарангез вокуниш кард
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наворе, ки дар он марде даъво мекунад, ки давои бемории саратонро ёфтааст, вокуниш кард.
Дар навори мазкур, ки чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабалиевич, сокини н.Кӯшониён иддао мекунад, ки бо шири гов метавонад беморони саратонро табобат кунад.
Дар ин росто, Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабалиевич ягон маълумоти олии тиббӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти тибби халқӣ надорад, балки ҳамчун мусофиркаш фаъолият менамояд.
Ҳамчунин, ин ниҳод меафзояд, ки маълумоти аз ҷониби Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабович дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда умуман асоси илмӣ надошта, аз ҳақиқат дур мебошад. Нашри ин гуна изҳорот на танҳо хилофи стандартҳои тибби муосир аст, балки он метавонад боиси хатар ба саломатии беморон ва таъхири муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон гардад.
“Саратон бемории ҷиддӣ ва мураккаб мебошад, ки табобати он танҳо бо усулҳои илмӣ асосёфта ва тибби муосир, аз ҷумла ҷарроҳӣ, химиотерапия, радиотерапия ва доруҳои ҳадафнок анҷом дода мешавад. Ягон маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла шири гов, наметавонад ҷойгузини табобати асосӣ бошад ва хусусан наметавонад бемориро пурра муолиҷа кунад”, - қайд мешавад дар вокуниш.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки шаҳрвандон танҳо ба табибон ва муассисаҳои расмии тандурустӣ муроҷиат намоянд ва ба маслиҳати шахсони тасодуфӣ дар интернет бовар накунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”