3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:04, Душанбе
18.09.2025 11:31

Хабаре, ки Илон Маскро нороҳат мекунад: “Старлинки русӣ” дар роҳ аст

Агентии фазоии Федератсияи Русия эълон кард, ки ба зудӣ истгоҳи махсуси “Старлинк”-и худро роҳандозӣ мекунад. Ин хабар метавонад Илон Маск, миллиардери амрикоӣ ва соҳиби ширкати “SpaceX”-ро нороҳат кунад.

Дмитрий Баканов, раиси Агентии фазоии Федератсияи Русия гуфт, ки Русия низ дар ҳоли таҳияи системае ба мисли шабакаи иртиботи моҳвораии амрикоии “Старлинк” аст. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳои русӣ гуфт “ба зудӣ мо истгоҳи “Старлинк”-и худро хоҳем дошт”.

Ин бори нахуст нест, ки Русия ба ин масъала ишора мекунад. Дмитрий Баканов дар моҳҳои гузашта низ гуфта буд, лоиҳаи “Сапедадам”, ки аз ҷониби ширкати русии “Офис 1440” таҳия мешавад, посух ба тарҳи Старлинки “SpaceX” аст.

Раиси Агентии фазоии Русия ҳамчунин, тасдиқ кард, ки мақсади лоиҳаи “Сапедадам” ба мадор фиристодани маҷмуаи моҳвораҳо дар мадори пасти замин барои пешниҳоди хадамоти иртиботи моҳвораии васеъмиқёс аст. Ӯ афзуд, ин лоиҳа аз ҷониби мутахассисони рус дар соҳаи технологияҳои кайҳонӣ таҳия мешавад ва ҳамчун рақиби русии системаи Старлинк фаъолият хоҳад кард.

Русия борҳо таъкид намудааст, ки ҳадафи чунин лоиҳаҳо таъмин намудани хадамоти миллӣ барои амнияти иқтисодӣ ва дифоии Русия мебошад.

Ширкати “SpaceX” солҳо боз моҳвораҳои махфӣ ва низомии муштариёни дифоии ҳукумати Амрикоро ба кайҳон партоб мекунад. Вазорати дифои Амрико барои истифода аз шабакаи васеъмиқёси “Starlink”  SpaceX, аз ҷумла барои таъмини интернет дар Украина, бо ширкат шартнома бастааст. Ин ширкат бахше аз тарҳи моҳвораии SpaceX аст, ки бо мақсади таъмин намудани интернети моҳвораӣ таъсис ёфтааст.

Илон Маск каме баъд аз таъсиси “SpaceX” бо як мизоҷи иттилоотӣ, ки номаш ифшо нашуд, шартнома баст. Аз он вақт SpaceX партоби мунтазами моҳвораҳои созмонҳои иттилоотӣ ва низомиро ба фазо оғоз намуд.

Илон Маск ҳамчунин, роҳбарии ширкати Тесла, шабакаи иҷтимоии “Х” ва як қатор сармоягузориҳои дигарро бар уҳда дорад. Аз замоне, ки Макс эълон кард, SpaceX тиҷорати моҳвораӣ барои фурӯши хадамоти интеренти баландсуръат ба мардум ва корхонаҳоро ба роҳ мемонад, қариб як даҳсола сипарӣ шудааст. Дар ин муддат ширкат тавонист, то миёнаи моҳи феврал ба марҳилае расад, ки бузургтарин флоти моҳвораии ҷаҳонро бо тақрибан 5400 моҳвора идора кунад. Старлинк аз ин моҳвораҳо барои ҳадафҳои ғайринизомӣ истифода мебарад.

Аҳамияти рӯзафзуни фаъолияти “SpaceX” барои Амрико дар он аст, ки кайҳон беш аз пеш ба майдони рақобати қудратҳои бузург табдил меёбад. Ин рақобат дар кайҳон ба таври ғайримустақим инъикоси рақобатҳои геополитикии қудратҳо дар рӯи замин мебошад. Ба ҷуз Русия Чин низ ба тозагӣ тавонмандиҳои кайҳонии худро густариш додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.