Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Гурӯҳи наврасони 15-сола дар Владивосток муҳоҷирони ӯзбекро латтукӯб карданд
Дар шаҳри Владивосток як гурӯҳи наврасони 15-сола муҳоҷирони кории Ӯзбекистонро латтукӯб намудаанд. Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, ки ҷавонон муҳоҷиронро мезананд, таҳқиру ҳақорат мекунанд ва як нафари онҳо ҳодисаро ба навор мегирад.
Юсуп Кобулҷонов генерал-консули Ӯзбекистон дар Владивосток гуфт, ки баъди ҳодиса фавран бо шаҳрвандони зарардида тамос гирифта, ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ расонида шудааст. Ӯ гуфт, ки ба Раёсати умури дохилии Владивосток аризаи расмӣ ирсол шуд ва ба Прокуратураи вилояти Приморск нотаи расмӣ бо талаботи андешидани чораҳои зарурӣ пешниҳод гардид.
“Ҳодисаҳои мазкур зери назорати махсуси консулгарии Ӯзбекистон дар Владивосток ва мақомоти қудратии Русия қарор доранд”- зикр мешавад дар изҳороти консулгарии Ӯзбекистон.
Бар асоси иттилоъ, Кумитаи тафтишотии Приморск нисбати наврасон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Кумитаи тафтишот наврасони 15-сола ва дигар ҳамдастони онҳоро дар ҳодисаи 10-уми сентябри соли 2025 дар кӯчаи Хабаровски Владивосток рӯйдода муттаҳам мекунад.
Тафтишот муайян кардааст, ки он рӯз наврасон дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд. Онҳо ба мағозаи шабонарӯзӣ дар ҳамон кӯча ворид шуда, дар назди харидорон ва фурӯшандаҳо ба як мард ҳамла кардаанд. Баъди он ба ронандаи таксӣ ва мусофирон ҳамла намудаанд. Наврасон дар кӯча бо овози баланд ва бо истифодаи санг ва дигар ашёи дастӣ низ ба марде ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Шахсияти афроди ҳамлагар мушаххас шуда, як нафар боздошт ва ду нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Гуфта мешавад, ки ин афрод қаблан дар зери назорати мақомоти интизомӣ қарор доштанд. Нисбати як нафари онҳо ба иттиҳоми авбошӣ парванда боз шуд ва дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд