Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Ифтитоҳи меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” дар пойтахт
Шоми 16-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро (Crowne Plaza Dushanbe) бо Маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” аз 124 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷра дар ошёнаи 15-ум барои меҳмони воломақом бо масоҳати 260 метри мураббаъ, 34 ҳуҷраи люкс, 30 ҳуҷраи нимлюкс ва 59 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад. Дар маҷмуъ меҳмонхона барои 150 мизоҷ дар як вақт имкони будубошро фароҳам меоварад.
Инчунин, дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 3 тарабхона, толор барои зиёфатҳои расмӣ бо 150 ҷой, 3 қаҳвахона, кошонаи ҳусн, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки 4-уми сентябри соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино дар соҳили рӯди Лучоб бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшида буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод