Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Даври интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал дар Душанбе оғоз мешавад
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз 20-ум то 24-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал дар гурӯҳи «С» доир мегарданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тимҳои миллии Макао, Камбоҷа ва Ҷопон рақобат мекунад.
Мувофиқи маълумоти дастрас, тими миллии футзали Тоҷикистон 20-уми сентябр бо Макао, 22-юми сентябр бо Камбоҷа ва 24-уми сентябр бо Ҷопон бозӣ мекунад. Ҳамаи ин бозиҳо соати 20:00 бо вақти Тоҷикистон оғоз мешаванд.
Дар ин росто, Федератсияи футболи Тоҷикистон мухлисони футболро барои дастгирии тими миллӣ ба бозиҳо даъват мекунад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки нархи билети ду бозии як рӯз 30 сомонӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026 дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд