Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 муайян шуд. “Регар-ТадАЗ” дарвозаи “Эсхата”-ро голборон кард
14-уми сентябр дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлоли Тоҷикистон” дар доираи даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва дастаи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд рақобат карданд.
Тими “Регар-ТадАЗ” ба дарвозаи дастаи “Эсхата” панҷ голи беҷавоб зада, ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 гардид.
Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев, Самандар Қодиров, Шуҳрат Элмуродов (ду гол) ва Нозим Бобоҷонов ба дарвозаи тими “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ворид карданд.
Беҳтарин бозингари дидор Шервонӣ Мабатшоев эътироф гардид.
Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ду сол аст, ки пайи ҳам ғолиби Ҷоми Тоҷикистон мегардад. Дар умум, дастаи мазкур бори 8-ум унвони мазкурро ба даст овардааст.
Бояд гуфт, ки бошгоҳи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд аввалин бор ба даври ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд