16 Сентябр 2026,
чоршанбе, 05:05, Душанбе
14.09.2025 08:29

Ду медал аз як мусобиқа. Мадина Қурбонзода миёни ҷавонон ҳам муваффақ гардид

Ҷудокорбонуи тоҷик Мадина Қурбонзода, ки чанд рӯзи охир дар сархати хабарҳои расонаҳост, аз Чемпионати Осиё медали дуюмро ба гардан овехт.

Ин навбат  Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар Ҷакартаи Индонезия иштирок карда, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки ин варзишгари тоҷик барои ба даст овардани медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон бо намояндаи Ҳиндустон Чану Нунгшизои рақобат карда, пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки Мадина Қурбонзода 12-уми сентябр дар мусобиқаи мазкур миёни наврасон мақоми якум гирифта, соҳиби медали тилло гардида буд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

15.09.2026 18:25

Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд

Як таҳлилгари исроилӣ менависад, ки Амрико дар ҳоле аз пирӯзӣ дар муқобили Эрон ҳарф мезанад, ки Пентагон аз коҳиши захираи аслиҳа хабар медиҳад. Дар канори он, нархи нафт ба 110 доллар афзоиш ёфта, гузаргоҳҳои стратегии Ҳурмуз ва Бобулмандаб дар зери муҳосираи неруҳои ҳомии Эрон қарор гирифтааст.
15.09.2026 15:42

‎Масъалаи ҷалби сармоягузорӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Дар шаҳри Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд.
15.09.2026 14:39

Шералӣ Кабир ва Ким Ҷонг Кван масъалаи истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолотро баррасӣ карданд

14-ми сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи ҷаласаи нахустини Механизми машваратии вазирони саноат дар формати «C5+1» мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея Ким Ҷонг Кван баргузор гардид.
15.09.2026 11:13

Такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон ва баргузории машқҳои муштарак. Мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон

14-уми сентябр раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кетрин Смиттон мулоқот намуд.
15.09.2026 11:12

Толибон 10 нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи озодӣ дар Бадахшон боздошт кардаанд

Манобеи маҳаллӣ дар Бадахшони Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон 10 нафарро дар ноҳияҳои Шукай ва Хоҳони вилояти Бадахшон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи озодии Афғонистон боздошт кардаанд.
15.09.2026 11:03

Шурои амният барои баррасии вазъи Бобулмандаб ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад

Манобеи дипломатӣ мегӯянд, ки Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе барои баррасии таҳаввулоти марбут ба тангаи Бобулмандаб ҷаласаи изтирорӣ баргузор хоҳад кард.
15.09.2026 10:52

Гузориши «Ню-Йорк Таймз» аз ошӯб дар Пентагон: Ҳегсет ба эҷоди фазои нобоварӣ муттаҳам мешавад

Рӯзномаи амрикоии «Ню-Йорк Таймз» дар гузорише аз он чӣ «ошӯби доимӣ» дар Вазорати ҷанги Иёлоти Муттаҳида таҳти роҳбарии Пит Ҳегсет, вазири ҷанг, номидааст, навиштааст, ки ин вазъият тавоноии мақомоти баландпояи низомиро барои тамаркуз ба авлавиятҳои амниятии ИМА коҳиш додааст.