Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Қаҳрамони Осиё. Дурахши навбатии Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё
Ҷудокорбонуи номдори мамлакат Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг дар даври ниҳоии Чемпионати Осиё миёни наврасон намояндаи Ӯзбекистон Нигина Умирзаковаро мағлуб карда, унвони қаҳрамони Осиёро ба даст овард.
Ин дастоварди Мадина Қурбонзода таърихӣ шуд, зеро ӯ аввалин ҷудокорбонуи тоҷик гардид, ки унвони қаҳрамони Осиёро гирифт ва ба гардан медали тиллои мусобиқаро овехт.
Бояд гуфт, ки Мадина Қурбонзода дар даври аввал озод буд ва дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Самира Джарова аз Қирғизистон рақобат карда, пирӯз гардид. Дар даври нимниҳоӣ бо намояндаи Ҳиндустон Чаудхари Дхруви Дахябхай ба майдон баромада, ғалабаи дуюмашро ба даст овард.
Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба ҷудо рӯзҳои 11-ум ва 12-уми сентябр доир шуда, Тоҷикистонро чор варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки сетои онҳо имрӯз, 12-уми сентябр ба майдон мебароянд.
Чемпионати Осиё миёни ҷавонон бошад, рӯзҳои 13-ум ва 14-уми сентябр баргузор мегардад ва Тоҷикистонро 10 нафар намояндагӣ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд