3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
11.09.2025 13:53

Русия барои ҳалли мушкили камобӣ мехоҳад ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ бипайвандад

Русия изҳори омодагӣ намудааст, ки ба ҳайси узви панҷум ба Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ ҳамроҳ шавад. Ин иқдом метавонад ба ҳамоҳангсозии сиёсати энергетикӣ ва коҳиши хавфи камбудии об дар минтақа мусоидат намояд.

Дар ҳоли ҳозир КЭС ОМ аз чор кишвар – Қозоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иборат аст ва Русия дар ин ҳайат мақоми нозирро дорад.

Фёдор Опадчий, раиси системаи ягонаи энергетикии Русия изҳор дошт, ки таҷрибаи Русия дар идора кардани яке аз бузургтарин шабакаҳои барқии ҷаҳон метавонад барои тавозун ва ҳамоҳангсозии энергосистемаҳои минтақавӣ нақши калидӣ бозад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки пайвастани Русия ба шабакаи ягонаи барқии Осиёи Марказӣ ба кишварҳои болооби Омӯдарё ва Сирдарё – Тоҷикистон ва Қирғизистон имкон медиҳад, ки аз маҷбуран холӣ кардани обанборҳо дар зимистон барои истеҳсоли барқ худдорӣ кунанд. Дар натиҷа кишварҳои поёноб, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар мавсими кишоварзӣ миқдори кофии об барои обёриро дастрас хоҳанд намуд.

Вазъияти захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамоно яке аз масъалаҳои асосӣ дар минтақа боқӣ мемонад. Канат Бозумбоев, муовини сарвазири Қазоқистон гуфтааст, ки солҳои ахир мавсими кишоварзӣ дар шароити ниҳоят душвор мегузарад ва камобии давомдор кишварҳоро водор месозад, ки ба созишҳои мавҷуда сахттар пойбанд бошанд ва ба технологияҳои муосири сарфаи об рӯ оваранд.

Коршиносон сабабҳои асосии буҳрони обро ҳам дар тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ ва ҳам дар истифодаи ғайриоқилонаи захираҳо мебинанд. Ба ҳисоби коршиносон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон то 60 фоизи об дар ҷараёни интиқол ва истифода аз ҳавзаҳои Омӯдарё ва Сирдарё талаф мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.