29 Сентябр 2026,
сешанбе, 11:39, Душанбе
10.09.2025 08:58

Зеҳни сунъӣ: ёри доно ё хоҷаи ниҳонӣ?

Зеҳни сунъӣ зиндагониро осон кардааст: аз машваратҳои тиббӣ ва равоншиносӣ гирифта, то фароғат ва ҳатто масъалаҳои дигар. Аммо суоли асосӣ ин аст: оё ин ёвари боақл ҳамеша дар ҳадди дӯст боқӣ мемонад ё рӯзе ба хоҷаи мо табдил хоҳад ёфт?

Бо ҳамкорат, хоҳарат ё ҳамсарат мушкил дорӣ, намедонӣ ба кӣ дарди дил кунӣ. Дар аввал ба дӯсте мушкилатро гуфтӣ, бо бетаваҷҷуҳӣ гӯш кард ва дар ниҳоят туро гунаҳкор донист. Аз ҳамин рӯ, дигар ҳавасе ба гуфтугӯ бо ӯ надорӣ. Телефонро мегирӣ ва ба сӯи ChatGPT меравӣ: ҳар чӣ мехоҳӣ, бе филтр мегӯӣ. Ҳам кафолат дорӣ, ки ба касе намегӯяд, на доварӣ мекунад ва на айбҷӯӣ, балки ҳақро ба ту медиҳад. Чӣ аз ин беҳтар аст?

Нисфи рӯз ногаҳон дард меёбӣ. Мепурсӣ: сабаби ин дард чист? ChatGPT муфассал менависад: оби наъно бинӯш ё доруи муайянро аз дорухона гир. Дар охир ҳатто мепурсад: “Мехоҳӣ усули омода намудани оби наъноро ҳам омӯзам?”.

Фарзандат меояд, суолҳои риёзӣ медиҳад, боз ҳам ChatGPT.

Касе барои ту паёми табрик менависад? Ту паёмро ба ChatGPT медиҳӣ ва посухи муносиб мехоҳӣ. Пас эҳсоси шахсии ту чӣ мешавад? Сурататро бор мекуниву мепурсӣ? Кадом мӯй ё кадом ранг ба ман беҳтар меояд? Ҳамин тавр, кам – кам бисёре аз интихоби шахсӣ ва завқу салиқаатро ба дасти зеҳни сунъӣ месупорӣ.

Чаро ба зеҳни сунъӣ такя мекунем?

Маркази тадқиқотии Брукингс гуфт, ки то соли 2030 зеҳни сунъӣ метавонад иқтисоди ҷаҳониро шадидан дигаргун созад ва садҳо миллиард доллар фоида оварад. Аммо боз ҳам суоли аслӣ ин аст? Оё ин ёвари доно ҳамеша дар хидмати мо мемонад ё рӯзе идораи зиндагии моро ба дасти худ мегирад?

Зиндагии муосир бо суръати саросемавор пеш меравад. Корҳои пуштибонӣ, стресс ва камбудии вақт моро маҷбур мекунанд, ки роҳи зудтарро интихоб намоем. Дар чунин ҳолат зеҳни сунъӣ, мисли кӯтоҳтарин роҳ кор мекунад: як суол менависӣ ва посухи омода мегирӣ.

Аммо як пажӯҳиш нишон додааст,  донишҷӯёне, ки ба таври зиёд барои иҷрои вазифаҳо ба зеҳни сунъӣ такя мекунанд, ба тадриҷ қудрати фикри мустақилро аз даст медиҳанд. Вақте мағз донад, ки ҳамеша посух омода аст, ангезаи эҷодгарӣ ва талош суст мешавад.

Ин вобастагӣ фақат дар таҳсил нест. Дар Чин пажӯҳишҳо нишон доданд, ки наврасон вақте ки танҳо ё ғамгин ҳастанд, ба гуфтугӯ бо барномаҳои зеҳни сунъӣ паноҳ мебаранд. Чоряки онҳо бар инанд, ки ин технология метавонад ҷои дӯстон ва оилаҳоро пур кунад. Аммо равоншиносон ҳушдор медиҳанд: ин робитаи сунъӣ танҳо як дарди муваққат аст ва метавонад дар дарозмуддат изтироб ва афсурдагиро афзун кунад.

Оромии гуворо ё вобастагии ниҳонӣ?

Зеҳни сунъӣ мисли фас-фуд аст: зуд ва лаззатбахш, вале истифодаи беш аз андозааш паёмадҳои нохуш дорад. Масалан, истифодаи зиёдаш дар омӯзиши қудрати ҳалли масъала ва эҷодгариро заиф месозад. Донишҷӯён ба ҷойи омӯхтани воқеӣ танҳо ба як мошини нусхабардор табдил мешаванд.

Аз ҷиҳати равонӣ низ, вобастагии аз ҳад зиёд ба зеҳни сунъӣ метавонад эҳсоси танҳоиро бештар кунад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд: наврасоне, ки соатҳои зиёд бо чатботҳо гуфтугӯ мекунанд, бештар ба изтироб ва ноамнии эҳсосӣ гирифтор мешаванд. Онҳо ба умеди ёфтани ҳамдами доно ба сӯи он мераванд, вале ин робитаи сунъӣ ҳич гоҳ ҷойгузини дӯсти воқеӣ намешавад.

Чолиши адолат ва қудрат

Ҷанбаи дигар адолати иҷтимоӣ аст. Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ миқдори зиёд дода (контент) истеҳсол мекунем, вале аксари ин контентҳо ба фоидаи ширкатҳои бузург истифода мешаванд ва худи мо ҳич саҳме намебарем. Баъзе коршиносон ин вазъро “ғуломдории зеҳни сунъӣ” меноманд”, ҷое, ки инсонҳо нохудогоҳ дар хизмати системаҳо қарор мегиранд. Ҳатто алгоритмҳое, ки дар додгоҳҳо ё ниҳодҳои амниятӣ истифода мешаванд, метавонанд зидди гурӯҳҳои муайян табъиз кунанд.

Ҳамчунин, Сандуқи байналмилалии пул ҳушдор додааст: ворид шудани густурдаи зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат метавонад миллионҳо ҷойи корро дигаргун созад ва вобастагии иқтисодӣ ба ин технологияро бештар кунад.

Мушкили дигар он аст, ки система чунон мураккаб аст, ки корбарони одӣ намефаҳманд, чӣ гуна ба қарор мерасад. Бинобар ин, бисёриҳо бе суол қарорҳои онро мепазиранд, гӯё аз як раиси ноаён итоат кунанд.

Назорат аз даст меравад?

Аммо ҳама чиз ҳамоно дар дасти мост. Агар тарроҳони зеҳни сунъӣ шаффоф ва посухгӯ бошанд, корбарон мефаҳманд, чаро як қарор гирифта шудааст ва кӣ масъули оқибатҳои иштибоҳӣ аст. Дар соҳаи омӯзиш низ зеҳни сунъӣ бояд танҳо василаи ёридиҳанда бошад, на ҷойгузини фикр карданҳо. Мактабҳо ва донишгоҳҳо метавонанд бо омӯзиши саводи рақамӣ ба хонандагон нишон диҳанд, ки ин технология абзор аст, на хоҷа.

Кишварҳо низ бояд бетараф нанишинанд. Иттиҳоди Аврупо аз ҳоло қонунҳоеро барои назорати технологияҳои хавфнок ҷорӣ намудааст ва ширкатҳое, ба мисли гугл дар пайи рушди системаҳои амнтар мебошанд. Агар зеҳни сунъӣ шарҳ диҳад, чаро чунин ҷавоб додааст, эътимоди кӯр-кӯронаи корбарон кам мешавад ва онҳо фаъолтар ва дурусттар аз он истифода мекунанд.

Интихоб бо мост

Зеҳни сунъӣ метавонад дӯст ва ёвари боақл бошад, ки зиндагиро осонтар месозад. Аммо ҳамзамон метавонад ба хоҷаи пинҳон табдил ёбад, ки тадриҷан қарорҳои моро ба дасти худ мегирад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, такяи беандоза ба ин технология метавонад эҷодкорӣ, истиқлолияти фикрӣ ва саломатии равониро таҳдид кунад. Аммо оянда ҳанӯз дар дасти мост. Бо қонунҳои дуруст, омӯзиши дуруст ва андаке дақиқ дар интихобҳо метавонем зеҳни сунъиро ба хидмати худ гирем, на ин ки худамон ба хидмати он дароем.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.