Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Донишҷӯ бо "Range Rover" ба дарс омад. Се сол аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳ маҳрум шуд
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-2 дар н.Сино як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо далели бо мошини шахсӣ ба дарс ҳозир шудан дастгир карданд.
Гуфта мешавад, ки Баҳриев Фазлиддин, ки донишҷӯи курси дуюми факултаи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, тавассути воситаи нақлиёти тамғаи "Range Rover" ба дарс ҳозир гаштааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ин маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати қабули қарори дахлдор ба унвонии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва Фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути воситаи нақлиёти шахсӣ ба дарс ҳозир гардидани донишҷӯён қатъиян манъ аст. Ва тибқи муқаррароти мавҷуда, донишҷӯе, ки бо нақлиёти шахсӣ ба дарс ҳозир мешавад, ба муҳлати 3 сол бе ҳуқуқи барқарорсозӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд