Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Се размкори тоҷик мунтазири муҳориба ҳастанд. UFC кай ба онҳо рақиб медиҳад?
Яку якбора се варзишгари тоҷик, Муҳаммад Наимов, Лоиқ Раҷабов ва Нурулло Алиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карданд, ки барои муҳорибаҳои навбатӣ омодаанд ва интизори рақиб ҳастанд.
Ин варзишгарони тоҷик, ки шомили UFC ҳастанд, аз роҳбарияти ташкилоти мазкур хоҳиш кардаанд, ки ба онҳо дар моҳҳои октябр-ноябр муҳориба таъин намоянд.
Дар ҳоли ҳозир бо вуҷуди омода будани варзишгарони тоҷик, ҳеҷ маълумоти расмие дар мавриди муҳорибаи навбатиашон нест. Танҳо онҳо умед доранд, ки рӯзҳои наздик муҳорибаашон маълум мегардад.
Дар ташкилоти UFC чор варзишгари тоҷик аз соли 2023 инҷониб ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз миёни онҳо фаъолтаринашон Муҳаммад Наимов аст, ки то ҳол шаш муҳориба гузаронида дар панҷтои он ғолиб шудааст. Лоиқ Раҷабов дар ташкилоти мазкур чор муҳориба гузаронида, ду маротиба ғалаба кардаасту ду бор мағлуб шудааст. Нурулло Алиев бошад, бо сабаби ҷароҳати вазнин доштанаш дар ин мудддат танҳо ду муҳориба гузаронидааст ва дар ҳар ду муҳориба ҳам дастболо гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд