«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
18,8 миллион сомонӣ. Маблағгузорӣ барои ғизои мактабӣ 60 фоиз афзудааст
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 барои ғизои мактабӣ маблағгузорӣ ба 18,8 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 60% зиёд аст. Ин нукта дар семинари миллӣ оид ба ташкил ва идораи ғизои мактабӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, зикр шуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, соли ҷорӣ зиёда аз 36 ҳазор хонандаи синфҳои ибтидоӣ дар 94 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 40 муассиса дар вилояти Хатлон, 24 муассиса дар вилояти Суғд, 8 муассиса дар ВМКБ, 15 муассиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 7 муассиса дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин мегарданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки аз соли 2022 маблағгузории буҷетӣ барои ғизои мактабӣ пайваста афзоиш меёбад. Соли 2024 зиёда аз 11,6 миллион сомонӣ барои таъмини 25 ҳазор хонанда дар 55 муассисаи таълимӣ ҷудо гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ғиҳои мактабӣ як қатор санадҳои стратегӣ, аз ҷумла, Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ то соли 2027 ва Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027-ро қабул намудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад