Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Русия: “23 ҳазор террорист дар Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ барои минтақа ва ҷаҳон аст”
Русия ҳушдор медиҳад, ки Афғонистон ба маркази фаъолияти гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ табдил шудааст. Ба гуфтаи Сергей Шойгу, дабири Шурои амнияти Русия ҳоло дар ин кишвар тақрибан 20 созмони террористӣ амал мекунанд, ки дар маҷмуъ беш аз 23 ҳазор ҷангҷӯро дар сафи худ ҷо додаанд.
Сергей Шойгу бо нашри як матлаб дар рӯзномаи “Российская газета” навишт, ки хатари бузург аз сӯи гурӯҳи “Давлати Исломӣ - вилояти Хуросон” сашчашма мегирад, ки бо таъсиси урдугоҳҳои омӯзишӣ ва пойгоҳҳои ҳимоятӣ асосан дар Шарқ ва Шимоли Афғонистон фаъолият мекунад.
Дар ин матлаб Сергей Шойгу зикр мекунад, ки ҳукумати Толибон то ҳадди имконоти худ бар зидди терроризм мубориза мебарад, вале таҳримҳои Аврупо имкониятҳои ин гурӯҳро маҳдуд сохтааст. Ӯ Аврупоро муттаҳам намуд, ки бо интиқоли ҷангҷӯён аз минтақаҳои дигар ба Афғонистон вазъро боз ҳам ноустувор кардааст.
Ба навиштаи Дабири Шурои амнияти Русия қудратҳои аврупоӣ ҳанӯз талош доранд ба воситаи гурӯҳҳои ифротӣ дар наздикии Русия, Чин ва Эрон нуқтаҳои доимии бесуботӣ эҷод кунанд. Ин дар ҳолест, ки сафирони Лондон, Берлин ва Вашингтон дар моҳҳои ахир чандин бор ба Кобул сафар кардаанд.
Русия тобистони соли 2025 нахустин кишвари ҷаҳон шуд, ки ҳукумати Толибонро расман ба расмият шинохт. Ба гуфтаи Шойгу ин тасмим бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ гирифта шудааст. Ӯ афзуд, ки Маскав аз ҳамгироии дубораи Афғонистон бо Созмони ҳамкории Шанхай низ ҳимоят мекунад.
Сергей Шойгу Аврупоро ба “кунд кардани раванди рушди Афғонистон” муттаҳам намуда, афзуд, ки 9 миллиард доллар аз захираҳои давлатӣ дар бонкҳои аврупоӣ ҳанӯз масдуд боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин маблағ метавонист бисёре аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии кишварро ҳал кунад.
Котиби амнияти Русия ҳамчунин, таърихи тавлиди маводи мухадирро ба ёд оварда, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба бад шудани вазъият дар солҳои ҳузураш дар Афғонистон муттаҳам кард. Ӯ гуфт, ки дар давраи ҳузури НАТО истеҳсоли тарёк ба сатҳи рекордӣ расид. Бо ин вуҷуд Толибон баъди бозгашт ба қудрат дар соли 2021 дубора кишти кӯкнорро манъ кард ва бар асоси омори МММ то соли 2023 истеҳсол то 95% коҳиш ёфт.
Ин оморҳо дар ҳоле нашр мешаванд, ки мушкилоти қочоқи маводи мухаддир ҳанӯз мушкили аввали Афғонистон боқӣ мемонад. Фақат дар соли 2024 ҳаҷми мусодираи Метамфетамин дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя 75% боло рафт.
Сергей Шойгу гуфт, ки Афғонистон ҳанӯз роҳи душвор барои барқарор намудани субот дар пеш дорад ва Русия омода аст, ки бо густариши ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир аз ин гурӯҳ ҳимоят кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд