Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Шероз. Аз баррасии ҳамкориҳо то зиёрати Саъдиву Ҳофиз
Ҳайати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла роҳбарияти вилоят ва мудири кулли варзиш ва ҷавонони шаҳри Шероз мулоқот намуд.
Бар асоси иттилои расмӣ дар ин мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкории фарҳангӣ ва маънавӣ дар бахши ҷавонон ва варзишро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои дигаре, ки метавонад заминаи мустаҳкам барои рушди робитаҳои дуҷониба бошад, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аъзои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар канори мулоқот аз маконҳои таърихиву фарҳангии Шероз дидан намуданд. Онҳо ба осорхонаву оромгоҳи Шоҳчароғ, ҳамчунин, оромгоҳи ду чеҳраи барҷастаи адабии форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ сар заданд.
Дар ҷараёни мулоқот ду ҷониб таъкид намуданд, ки осори ин ду шоир ва орифи маъруф имрӯз ҳамчун сарчашмаи ахлоқ, маърифат ва пули дӯстии миёни халқҳои тоҷику форс боқӣ мондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод