Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Яке мақоми дуюму дигаре панҷум. Дурахши Лоиқ ва Мадина дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар Софияи Булғористон ду варзишгари тоҷик Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг) ва Мадина Қурбонзода (-52 кг) рақобатҳои хуб нишон дода, тавонистанд, ки аз ҳунару маҳорати варзишии худ ба ҷаҳониён хабар диҳанд.
Лоиқ Қутбиддинов, паҳлавони наврасу умедбахши тоҷик дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар Софияи Булғористон мақоми дуюмро гирифта, медали нуқраи мусобиқаро ба гардан овехт.
Номбурда бо ин дастоварди назаррас номашро дар таърихи ҷудои тоҷик сабт кард.
Лоиқ Қутбиддинов дар даври ниҳоии мусобиқа аз намояндаи Қазоқистон Йернур Батюргалӣ мағлуб шуд.
Ҳамчунин, варзишгари номдори тоҷик Мадина Қурбонзода (-52 кг), ки ягона намояндаи Тоҷикистон миёни духтарон дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар Софияи Булғористон буд, мақоми панҷумро касб кард.
Ӯ дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз Николе Марқуеси бразилӣ мағлуб шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд