31 Октябр 2026,
шанбе, 10:56, Душанбе
28.08.2025 07:16

Сомон Маҳмадбеков, Обид Ҷебов, Абӯбакр Шеров ва дигарон ба мусобиқаи Qingdao Grand Prix мераванд

Бинобар иттилои дастрас, аз 26-ум то 28-уми сентябри соли равон дар шаҳри Синдаои Чин мусобиқаи байналмилалии Qingdao Grand Prix доир мешавад.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки интизор аст намояндагони беш аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намоянд, мунтахаби ҷудои Тоҷикистон низ бо шумули варзишгарони номдору маъруф ширкат хоҳанд варзид.

Гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии Qingdao Grand Prix Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳар ду 60 кг), Обид Ҷебов (66 кг), Абӯбакр Шеров, Масъуди Аҳмадзод (ҳар ду 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг),  Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Аҳлия Муминова (48 кг), Александра Кан (57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) муаррифӣ мекунанд.

Зикр мегардад, ки натиҷаи мусобиқаи мазкур ба тақсими квотаҳо барои Бозиҳои олимпии-2028 дар Лос-Анҷелес таъсир мерасонад.

Ҳамчунин, дар барномаи мусобиқа омадааст, ки рӯзи аввал, 26 сентябр рақобати мардон дар вазнҳои 60 кг, 66 кг, занон: 48 кг, 52 кг, 57 кг; рӯзи дуюм, 27 сентябр рақобати мардон дар вазнҳои 73 кг, 81 кг, занон 63 кг, 70 кг ва рӯзи сеюм, 28 сентябр рақобати мардон дар вазнҳои 90 кг, 100 кг, +100 кг, занон: 78 кг, +78 кг доир мегардад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.