«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
28.08.2025 07:10
“Дарси сулҳ” кай ва дар куҷо баргузор мегардад?
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имсол “Дарси сулҳ” дар кишвар 30-юми август доир мегардад.
Манбаъ меафзояд, ки 30-юми август Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф мулоқот мекунад.
Гуфта мешавад, ки ду рӯз пеш аз оғози соли хониш хонандагони то синфи 8 ба мактаб намераванд, балки хонандагони синфҳои 8, 9, 10, 11 ва донишҷӯёни макотиби олӣ бояд ба мактабу донишгоҳҳо ҳозир шуда, суханронии Сарвари давлатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ мустақим тамошо кунанд.
Соли хониш мувофиқи барномаи мактабӣ аз рӯзи душанбе 1-уми сентябр оғоз мегардад.
Сабаби ду рӯз пеш баргузор гаштани “Дарси сулҳ” шарҳ дода нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
30.10.2026 17:44
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:43
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Сухангӯи Кремл мегӯяд, Владимир Путин омода аст бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла президентҳои Фаронса ва Украина ва садри аъзами Олмон гуфтугӯ кунад.
30.10.2026 13:10
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:27
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
1-уми ноябри соли равон дар Ню-Йорк, дар заминаи Kingsborough Community College мактаби футболи дастаи "Истиқлол" ба фаъолият оғоз мекунад.
30.10.2026 08:25
Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”
Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17
Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад
Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:32
Ҷӯра Ҳошимӣ, адиби кӯдакону наврасон дар 78-солагӣ даргузашт
28-уми октябр Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, адиби кӯдакону наврасон Ҷӯра Ҳошимӣ дар синни 78-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
29.10.2026 13:29
Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш
Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:32
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Бо ташаббуси Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик китоби «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино нашр шуд.
29.10.2026 10:27
Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд
Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.