Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Фаронса мехоҳад дар мактабҳои Панҷакент забони фаронсавӣ омӯзиш дода шавад
Элиза Пинёл, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса ба шаҳри Панҷакент сафар намуда, бо роҳбарияти шаҳр масъалаи густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ, шаҳрсозӣ ва омӯзиши забони фаронсавӣ дар мактабҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Сафири Фаронса дар мулоқот бо раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода масъалаҳои муҳимми ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар мулоқот бо ишора ба ҳамкории дерин ва пурсамари гурӯҳи бостоншиносони фаронсавӣ дар ёдгориҳои таърихии Саразм, таъкид гардид, барои ҳифз ва таҳқиқи илмӣ ҳамкориҳо бояд густариш дода шаванд.
Дар ҷараёни мулоқот ба барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла дастгирии таълим ва омӯзиши забони фаронсавӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳои шаҳр таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ширкати соҳибкорони фаронсавӣ, рушди сайёҳӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои маишӣ мавриди гуфтугӯи ду ҷониб қарор гирифт.
Ҷонибҳо дар фарҷоми мулоқот қарор намуданд, ки “Харитаи роҳ” барои самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла барномаҳои муштараки фарҳангӣ, эҷоди шароит барои ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳии Панҷакент тартиб дода шавад.
Сафири Фаронса дар ин мулоқот зарфияти шаҳр ва ёдгориҳои таърихии он, ҳамчунин, дурнамои мусоид барои густариши лоиҳаҳои дуҷонибаро муҳим арзёбӣ кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад