31 Октябр 2026,
шанбе, 10:56, Душанбе
26.08.2025 09:23

"Футбол барои мактабҳо". 35 муассисаи таълимии пойтахт ба он шомил шуданд

Тавре ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар пойтахт барномаи ҷаҳонии “Футбол барои мактабҳо”-и ФИФА (“Football For Schools”) оғоз шуд, ки ҳадафаш оммавигардонии футбол миёни кӯдакон мебошад.

Манбаъ меафзояд, ки дар маросими ифтитоҳ роҳбари лоиҳаи “Футбол барои мактабҳо” Антонио Буэнанйо, мушовири техникии ин барнома Алберто Ҷакомини, директор оид ба масоили тиббии ФИФА Эндрю Мэсси, менеҷери лоиҳаҳои тиббӣ Хлоуд Себакт, ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва дигар меҳмонони фахрӣ ҳузур доштанд. Ҳамчунин, футболбози маъруфи булғорӣ, барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ-1994» Христо Стоичков, ки  амбассадори оғози лоиҳа дар Тоҷикистон мебошад, ҳузур дошт.

Гуфта мешавад, ки дар ростои оғози ин лоиҳа рӯзҳои 25-26 август дар шаҳри Душанбе барои 45 нафар омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ аз тамоми манотиқи кишвар семинари омӯзишӣ баргузор мешавад. Илова бар ин, рӯзи 27 август дар варзишгоҳи “Душанбе-Арена” ҷашнвораи бузурги футбол ташкил мегардад.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар соли аввал 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба ин барнома шомил мешаванд, ки аз ФИФА беш аз 4 ҳазор тӯб мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Футбол барои мактабҳо” аз ҷониби ФИФА дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон амалӣ мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.