Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Роналду рекорди нав гузошт, аммо боз ноком шуд. Ӯ то ҳол бо “Ал-Наср” ягон ҷоиза нагирифтааст
Бошгоҳи “Ал-Наср”, ки дар он Криштиану Роналду шомил аст, дар даври ниҳоии мусобиқаи Суперҷоми Арабистони Саудӣ бо дастаи “Ал-Аҳлӣ” рӯ ба рӯ шуд.
Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид, аммо дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бошгоҳи Криштиану Роналду бо ҳисоби 5:3 бозиро бохт ва боз аз қаҳрамонӣ маҳрум шуд.
Футболбози португалӣ Криштиану Роналду аз соли 2022 инҷониб дар ҳайати дастаи “Ал-Наср” ҳунарнамоӣ мекунад, вале то ҳол ягон ҷоизаи расмӣ ба даст наовардааст.
Ӯ ва ҳамдастагонаш умед доштанд, ки дастаи “Ал-Аҳлӣ”-ро шикаст дода, аввалин ҷоизаашонро бо Криштиану Роналду ба даст меоранд, вале муваффақ нашуданд. Ҳарчанд дар майдон аз ҷиҳати зарбаҳо ва идораи тӯб бошгоҳи “Ал-Наср” бартарӣ дошт, вале ноком шуданд.
Дар бозии мазкур Криштиану Роналду голи 100-уми худро дар ҳайати дастаи “Ал-Наср” ба самар расонд ва рекорд гузошт. Яъне футболбози португалӣ дар корномааш тавонистааст, ки дар чор бошгоҳ “Манчестер Юнайтед” (145), “Реала Мадрид” (450) “Ювентус” (101) ва “Ал-Наср” (100) сад ва аз он зиёд гол бизанад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд