31 Октябр 2026,
шанбе, 07:41, Душанбе
21.08.2025 15:31

Душанбе: Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои соли хониши нав

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ Раиси шаҳри Душанбе расман ба истифода доданд.

Бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ба истифода додани иншооти нави соҳаи маориф ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла  туҳфаи арзишманд буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд гардидааст.

Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 соли 2024 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад. 

Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 70 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад.

Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои рушди ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ гардидааст. 

Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ дорои 40 ҷои нишаст буда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонию рӯҳии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Майдончаи варзишӣ низ бо 135 ҷои нишаст аз бартариҳои дигари муассиса дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад.

Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 386 курсӣ ва ошхонаи дорои 192 ҷои нишаст мебошад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.