29 Сентябр 2026,
сешанбе, 11:39, Душанбе
21.08.2025 14:09

Нигаронии Рустами Эмомалӣ аз афзоиши таълимоти ғайриқонунии динӣ дар миёни ҷавонон

Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зиёд шудани шумораи гирандагони таълимоти ғайриқонунии динӣ дар миёни ҷавонони тоҷик изҳори нигаронӣ намуда, ин равандро “ташвишовар” номид.

Рустами Эмомалӣ ин матлабро рӯзи 19-уми август дар ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баён намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон шумораи беш аз 80 дарсади таълимгирандагони ғайриқонунии диниро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд.

Раиси шаҳри Душанбе зикр кард, ки барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии таблиғи фарҳанги бегона бояд чораҳои қатъӣ андешида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ густариш дода шавад.

Ин нигаронӣ дар ҳоле зикр мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи  9-уми марти соли 2024 дар ҷараёни суханронӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва хидимони динии мамлакат зикр карданд “шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманона ворид месозанд. Фақат соли 2023 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшӯии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.