Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Ифтитоҳи мактаби наву замонавӣ дар Душанбе
Имрӯз, 21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 70 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад. Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои рушди ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ дорои 40 ҷои нишаст буда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонию рӯҳии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Майдончаи варзишӣ низ бо 135 ҷои нишаст аз бартариҳои дигари муассиса дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 386 курсӣ ва ошхонаи дорои 192 ҷои нишаст мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд