Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Рустами Эмомалӣ: “Ҳангоми баррасии парвандаҳо судяҳо ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд”
19-уми август ҷаласаи назоратӣ таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт доир гардид.
Тибқи иттилои АМИТ “Ховар”, мақсади баргузор гаштани ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳо вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти сохторҳои дахлдор гуфта шуд.
Дар ҷаласаи мазкур зимни ҳисоботи раиси суди шаҳри Душанбе мушкилоти соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо судяҳо ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд, ки ин ҳолат боиси норозигии шаҳрвандон мегардад ва бояд пеши роҳи ин амалҳо ҳарчи зудтар гирифта шавад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки нисбат ба судяҳое, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ медиҳанд ва шаъну эътибори судяро паст мезананд, чораандешӣ гардад.
Инчунин, вобаста ба фаъолияти милитсияи пойтахт аз ҳисоботи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бар меояд, ки сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон назар ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан камтар ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон, зимни ҳисоботи сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ аз зиёд шудани шумораи нафароне, ки ба гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул мебошанд, изҳори нигаронӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар ин давра зиёда аз 80 фоизи таълимгирандагонро ҷавонони то синни 30-сола ташкил медиҳанд, ки ин хеле ташвишовар аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод