Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Дар Исфара кӯдакистон, мактаб ва боғҳои нав бунёд мешаванд
Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои деҳот корҳои васеи ободонӣ ва бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ идома дорад. Дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо боздид намуд.
Бар асоси иттилоъ, дар маҳаллаи Таги бораи ҷамоати Чоркӯҳ бунёди кӯдакистони муосир барои 120 нафар тарбиятгиранда ва майдончаи варзишӣ идома дорад. Ба гуфтаи масъулон, бинои нави кӯдакистон бо нақшаи замонавӣ бунёд шуда, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, дар ин мавзеъ бунёди толори варзишии сарпӯшида ҷараён дорад, ки барои рушди варзиши оммавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷамоати мазкур ҳамчунин, МТМУ рақами 70 барои 240 хонанда бунёд мешавад. Бар асоси лоиҳа бунёди синфхонаҳои васеъ, толори варзишӣ, ошхона ва кабинети махсуси фаннӣ пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, баъди ба истифода додани иншоот мушкили норасоии ҷойҳои таҳсилӣ ҳалли худро меёбад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмониро дар муҳлати муайян, бо истифода аз масолеҳи босифати ватанӣ ва риояи қатъии меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонанд.
Дар ҷараёни боздид раиси вилоят бо кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизот мулоқот карда, ба онҳо ҷузвдон, либосҳои мактабӣ ва маводи таълимӣ тақдим кард. Ӯ афзуд, ки ин қишри ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлат, ҳукумат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо ширкати фаъолонаи сокинон - соҳибкорон дар ҷамоати Чоркӯҳ, ҳамчунин, марказҳои савдо-хизматрасонӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафолдӯзӣ бунёд мешаванд.
Раиси вилоят дар шаҳраки Нурафшон бо лоиҳаи боғҳои интенсивӣ ва супер интенсивӣ дар масоҳати 600 гектар шинос гардид. Ин лоиҳа имконият медиҳад, ки беш аз 200 ҷойи кори доимӣ таъсис ёбад ва ҳаҷми маҳсулоти боғдорӣ афзоиш ёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад