Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Мақомоти тоҷик дар Новосибирск аз муҳоҷирон хостанд ба гурӯҳҳои террористӣ напайванданд
Мақомоти тоҷик рӯзи 19-уми август дар шаҳри Новосибирск дар масҷиди Красина баъд аз намози ҷумъа бо муҳоҷирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хос доир намуда, онҳоро бо муқаррарот ва тартиботи нави қонунгузории Русия оид ба муҳоҷират огоҳ намуданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки мақомоти тоҷик дар бораи қоидаҳои иқомати кунунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, шартномаи расмии меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои амният дар ҷойи кор иттилои муфассал доданд.
Онҳо ба муҳоҷирон ёдоварӣ намуданд, ки пайдо намудани кори расмӣ воситаи асосии ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон аст. Ҳамчунин, ба ширкаткунандагон зарурати риояи қоидаҳои гигиенӣ, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ шарҳ дода шуд.
Дар мулоқот ба муқаррароти асосии қонунгузории муҳоҷират дар Русия ишора шуд. Аз ҷумла, муҳоҷирон аз муҳлати тамдиди амали фармони Президенти Русия Владимир Путин аз 30-уми декабри соли 2024 таҳти рақами 1126 огоҳ шуданд, ки то 10-уми сентябри соли 2025 эътибор дорад ва ба шаҳрвандони хориҷӣ имкони қонунӣ намудани ҳузури худро медиҳад.
Ҳамчунин, мақомот муҳоҷиронро аз хатари ҷалб шудан ба созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ҳушдор доданд. Гуфта шуд, ки гурӯҳҳои ифротгаро бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои нашри таблиғот ва ҷалби ҷавонон истифода мекунанд. Ба шаҳрвандон тавсеа дода шуд, ки фақат аз сарчашмаҳои расмӣ иттилоъ гиранд ва аз ҳар гуна робита бо сохторҳои шубҳанок худдорӣ кунанд.
Дар ин мулоқот Маҳмадӣ Давлатов, роҳбари созмони ҷамъиятии тоҷикони Новосибирскск “Сомониён” ширкат дошт. Ӯ аз саҳми мутахассисони тоҷик дар рушди соҳаи тибби ин минтақа ёдовар гардида, гуфт, ки фақат дар муассисаҳои тиббии Новосибирск беш аз 40 духтари тоҷик фаъолият доранд.
Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон тавсия доданд, ки вақти холии худро самаранок истифода намуда, забонҳои хориҷиро омӯзанд, аз курсҳои ройгон ва муассисаҳои фарҳангӣ баҳра баранд ва бо барномаҳои таълимӣ касбу ихтисосҳои навро аз худ кунанд.
Муҳоҷироне, ки дар ин мулоқот ҳузур доштанд, гуфтаанд, ки он бо суҳбатҳои озод доир шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд