«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Дарси зеҳни сунъӣ дар мактабҳои Душанбе ба роҳ монда мешавад
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии пойтахт дарси зеҳни сунъӣ ба роҳ монда мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки ин иқдом дар доираи татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми сентябри соли 2022, №483 ба тасвиб расидааст, амалӣ мегардад.
Ба навиштаи манбаъ, бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ иборат аз намояндаҳои МД "Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе" ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт сафарбар гардида, бо директорони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот аз ҷониби гурӯҳи корӣ доир ба омӯзиш ва рушди зеҳни сунъӣ, имкониятҳои он дар низоми маориф ва аҳамияти баланд бардоштани саводнокии рақамии хонандагон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Тибқи нақша, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар муассисаҳои интихобшуда машғулиятҳои иловагӣ оид ба зеҳни сунъӣ ба роҳ монда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад