Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Мусовӣ. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон аввалин бозии худро бо мунтахаби Индонезия доир кард
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии нахустини худро дар мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи “Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025” барпо кард.
Гуфта мешавад, ки аввалин ҳарифи футболбозони тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаи мунтахаби Индонезия (U-17) шуд.
Футболбозони тоҷик бо роҳбарии Марко Раҷини рақобати хуб нишон дода, дар ин вохӯрӣ бо мизбонон мусовӣ карданд. Ҳисоби бозӣ 2:2 шуд.
Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Зариф Зарифзода ва Назрулло Ашурализода ба нишон расонданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳарифи навбатии мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими наврасони Мали хоҳад шуд, ки 15-уми август рақобат хоҳанд кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки мунтахаби наврасони Мали дар даври аввал дастаи наврасони Ӯзбекистонро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд