Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Ҳинд ба Русия наздиктар мешавад. Трамп Ҳиндро ба афзоиш додани тарифаҳо таҳдид кард
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори дигар Ҳиндустонро ба далели идомаи хариди нафт аз ҷониби Русия ба ҷорӣ кардани тарифаҳои нав таҳдид кард.
Ӯ рӯзи душанбе, 4-уми август дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, ки тарифаҳои воридотӣ ба молҳои ҳиндиро “ба таври назаррас” бештар хоҳад кард. Ба гуфтаи Доналд Трамп Ҳиндустон на фақат миқдори зиёди нафтро аз Русия мехарад, балки бахши бештари онро пас аз харид ба фоидаи калон дар бозори озод мефурӯшад.
“Онҳо таваҷҷуҳ намекунанд, ки дар Украина чанд нафар аз дасти мошини ҷангии Русия кушта мешаванд” – гуфт Доналд Трамп.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон ин изҳороти Трампро “беасос ва ғайримантиқӣ” номид. Агентии Рейтерз хабар дод, ки Ҳиндустон бо вуҷуди таҳдидҳои Президенти Амрико ба хариди нафт аз Русия идома хоҳад дод.
Қаблан Доналд Трамп гуфта буд, ки тарифаҳои 25% ба молҳои ҳиндӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Ҳиндустон ҳоло бузургтарин муштарии нафти Русия ба шумор меравад. Бар асоси омор, аз январ то июни имсол ин кишвар аз Русия ба ҳисоби миёна 1,75 миллион бушка дар як рӯз нафт ворид намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 фоиз бештар мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд