Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
“Реал Мадрид” аввалин бозии дӯстонаашро доир кард, аммо пинҳонӣ ва бидуни сабти телевизионӣ
8-уми август бошгоҳи шоҳонаи Испания “Реал Мадрид” аввалин бозии дӯстонаашро дар мавсими нав бо дастаи “Леганес” баргузор намуд, вале бидуни сабти телевизионӣ, бидуни тамошобинон дар майдон ва бидуни аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Аз бозии мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамагӣ як сурат роҳ ёфтааст, ки сарвонҳои дастаҳо бо довари марказӣ дар аввали дидор гирифтаанд.
Ҳамчунин, маълум аст, ки дидори мазкур бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи бошгоҳи “Реал Мадрид” ба итмом расидааст.
Чунин шакл гирифтани бозӣ ба ҳаводорони дастаи шоҳона писанд наомада, бархеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят кардаанд ва гуфтаанд, ки дар ҳоле ки як моҳ инҷониб бозиҳои дастаи дӯстдоштаашонро надидаанд, на бояд он пинҳонӣ ва бидуни сабти телевизионӣ сурут мегирифт.
Аз ҷониби дигар, бархе коршиносон ва журналистони варзишӣ сабаби чунин баргузор гаштани дидори “Реал Мадрид” ва “Леганес”-ро бо ду сабаб медонанд: якум, ногаҳонӣ ва бисёр зуд қарори барпо кардани бозӣ гирифта шудааст ва дастандаркорон аз уҳдаи ташкили пурраи он набаромадаанд. Дуюм, сармураббии дастаи “Реал Мадрид” усули нави бозиро санҷидааст ва дархост намудааст, ки беҳтар мешавад ба чунин шакл доир гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд