Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Русия лоиҳаи тарҳи ишғоли комили Ғазза аз ҷониби Исроилро маҳкум кард
Федератсияи Русия лоиҳаи режими Исроил барои ишғоли комили Навори Ғаззаро “қадами бисёр бад” ва мухолифи қарорҳои Созмони Милал дар хусуси низои Фаластин ва Исроил номид.
Дмитрий Полянский, муовини сафири Русия дар Созмони Милал рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо хабарнигорон дар қароргоҳи ин созмон дар Ню-Йорк гуфт: “Мавқеи мо рӯшан аст ва ба мавқеи аксари аъзои Шурои амният монанд аст. Мо чунин иқдомро аз сӯи Исроил дар Навори Ғазза маҳкум мекунем. Ин қадам дар роҳи комилан нодуруст аст”.
Ӯ афзуд, ки Маскав аз оғоз бо чунин нақшаҳо мухолиф буда ва ин амалҳо “бо тамоми қарорҳои Созмони Милал дар хусуси низои Фаластин ва Исроил мухолифанд”. Дмитрий Полянский таъкид кард, ки фақат роҳи ҳал лоиҳаи ду кишвар аст, ки борҳо, аз ҷумла дар ҳамоиши ахири Ню-Йорк таъйид шудааст.
Ин изҳороти дипломати рус баъди он садо дод, ки расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири режими Исроил дар ҷаласаи амниятии ҳукумат, рӯзи панҷшанбе нақшаи марҳила ба марҳила ишғол кардани Навори Ғаззаро пешниҳод намудааст.
Тибқи гузориши шабакаи телевизионии “Кан” ин нақша ба ҳайси як стратегияҳои “сабук” ва “постепенӣ” тавсиф шуда ва дарбаргирандаи пешравии неруҳои исроилӣ ба минтақаҳоест, ки қаблан ворид нашуда буданд, аз ҷумла урдугоҳҳои омӯзишии Ҳамос дар маркази Ғазза ва худи шаҳри Ғазза.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд