Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Чарлз Оливейра сабаби тасмими ногаҳониашро гуфт
Чарлз Оливейра, варзишгаре, ки номаш дар рӯйхати беҳтарин рамзкорони вазни сабуки UFC дар ҷойи чорум аст, ногаҳонӣ ва хеле зуд барои муҳориба гузаронидан бо Рафаел Физиев, размкоре, ки дар мавқеи 10-ум ҷой гирифтааст, розӣ шуд.
Эълони расмии муҳорибаи Чарлз Оливейра ва Рафаел Физиев дар сомонаи расмии ташкилоти UFC нашр шуд. Он 12-уми октябр дар Бразилия доир мегардад.
Аз нашри ин хабар аксари коршиносон ва ҳаводорони муҳорибаҳои омехта ҳайрон шуданд, зеро Чарлз Оливейра метавонист бо размкоре муҳорибаи навбатиашро барпо кунад, ки дар рӯйхати беҳтаринҳо мавқеи баландтар дорад.
Инчунин, бархеҳо мегӯянд, ки Чарлз Оливейра бояд каме истироҳат мекард ва охири соли ҷорӣ ё аввали соли 2026 ба майдон мебаромад, зеро ӯ 29-уми июн, бештар аз як моҳ пеш дар муҳорибааш зиддӣ Илия Топурия барои камарбанди чемпионӣ ба накаути вазнин рафта буд ва на бояд чунин зуд баргардад.
Чарлз Оливейра вокунишҳои гуногунро дида, дар шабакаҳои иҷтимоияш чунин посух дод: “Ман худам аз UFC талаб кардам, ки бароям дар мусобиқае, ки дар ватанам Бразилия доир мегардад, муҳориба таъин кунанд ва барои ин аз роҳбарияти ташкилот миннатдорам. Ман бояд бармегаштам ва ин корро хеле зуд кардан мехоҳам”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд