29 Сентябр 2026,
сешанбе, 11:39, Душанбе
08.08.2025 15:31

Муҳиба Шокирова ‒ раҳнаварди олами мусиқӣ бо ҳадафҳои созанда

Чанде пеш фазои маҷозӣ ба ҷомеаи мо соҳибистеъдодеро муаррифӣ кард, ки саропо ҳунар аст. Агарчи хеле ҷавон аст, имсол даргоҳи ҳунарро хатм кардааст, вале фаъол буданаш дар ҷодаи санъат навгонии ҷиддие ба ҳисоб меравад. Ӯ суруд мехонад ва санъатро василаи оромиши дилҳо медонад. Кӯшиш мекунад, ки гуфтаҳояш аз дил ба дилҳо бирасанд, ҳикояи ғаму шодиро ба шунавандаҳояш тақсим кунад ва исбот намояд, ки суруд руҳбахши инсон аст.

Ин ҷавони соҳибистеъдод ва дорои мақсадҳои калон Муҳиба Шокирова, хатмкардаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон аст, ки Dialog.tj ба суроғаш рафт ва доир ба пайраҳаи тайкардааш суҳбат намуд.

Чун ба наздикӣ суруди “Куртаи ламбада”-аш дар шабакаи Ютуб ҳаводорони хеле зиёд пайдо кард, суҳбатамонро бо ӯ аз ин хусус оғоз кардем. 

“КУРТАИ ЛАМБАДА”

- Бигӯед, ки таронаи “Куртаи ламбада” дар фаъолияти эҷодии шумо чӣ гуна пайдо шуд?

- Тавре ки медонед, суруди “Куртаи ламбада”-ро овозхони шинохта, шодравон Рустами Қосим дар солҳои 90-ум сароида, он замон миёни мардум маҳбубияти хос пайдо карда буд. Суруди мазкур дар эҷодиёти ман бо пешниҳод ва дастгирии бевоситаи бародари азизам Баҳриддини Сабур пайдо шуд. Худи Баҳриддини Сабур матнро занона карданд ва бо коргард ва танзими мусиқии ба қавле замонавитар онро манзури ҳаводорони ҳунар гардонидем.

- Намоҳанги суруди мазкур бисёр хуб омадааст. Дар он киҳо саҳм доранд?

- Дар ин масъала низ нақш ва саҳми Баҳриддини Сабур ниҳоят бузург аст. Илова бар ин, дар таҳияи намоҳанг саҳми ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов хеле калон буда, маҳз онҳо ҳамаи нақшҳоро бо шакли ретро бозиданд.

- Таронаи мазкур дар шабакаи Ютуб зиёда аз ним миллион тамошобин пайдо кардааст. Ба фикри шумо чаро мардум ҳоло ба сурудҳои қадима ва намоҳангҳое, ки солҳои пешро нишон медиҳанд таваҷҷуҳи зиёд доранд?

- Фикр мекунам, ки ин як роҳи хуби дубора зинда кардани сурудҳои солҳои пеш аст. Сурудҳое, ки 20-30 сол пеш миёни ҷомеа маъруф буданд, бо коркард ва танзимоти беҳтар таҳия мешаванд ва албатта, таваҷҷуҳи ҳам насли калонсол ва ҳам насли ҷавонро ба худ ҷалб мекунанд. Калонсолон суруду намоҳангҳоро дидаву шунида, солҳои ҷавониашонро ба ёд меоранду ҷавонон бо он солҳо, аз қабили муносибат, либоспӯшӣ, зиндагӣ ва ғайра шинос мешаванд. Хоҳ-нохоҳ гузаштаро ба ёд овардан, хуб аст. 

- Шумо пеш аз нашри ин суруд бовар доштед, ки ин қадар машҳур мешавад?

- Бояд бигӯям, ки мо сидқан меҳнат кардем ва ба пазируфта шуданаш аз ҷониби мардум каме ҳам бошад боварӣ доштем.

ВАСИЛАИ НАФАСКАШӢ, ТАСАЛЛОИ ДИЛ, ИШҚИ БЕОХИР...

- Чӣ гуна ба мусиқӣ дилбаста шудед?

- Фикр мекунам, бо дилбастагӣ ба мусиқӣ ба дунё омадаам. Яъне ҳамон замоне ки модарам суруд мехонданду ман дар батнашон будам. Аслан, муҳити оилавии мо фарҳангӣ аст ва бо мусиқиву санъат алоқаи зиқ дорад.

- Оё дар чунин муҳит ба ҷуз мусиқӣ интихоби дигаре доштед?

- Не, аз хурдӣ интихобам роҳи санъат буд ва дар зеҳнам интихоби беҳтаре набуду нест.

- Кӣ шуморо дар ин роҳ бештар дастгирӣ кард? Ва оё касе буд, ки шуморо ноумед карданӣ буд?

- Дастгириву роҳнамоиҳои аввалин, албатта, аз ҷониби аҳли оила буданд, ки ҳоло ҳам аз онҳо баҳрамандам. Пасон, устодони мактаб, консерватория ва ғайраҳо. Шукр, ки дар ин роҳи пурпечутоб касоне пайдо нашуданд, ки ба ман монеа эҷод кунанд.

- Мусиқӣ барои шумо чист?

- Василаи нафаскашӣ, тасаллои дил, ишқи беохир... умуман, мусиқӣ дар қаъри вуҷудам ҷойгоҳи хос дорад.

- Бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратуло Атоев дохил шудед. Бигӯед, ки аз ин дастгирӣ чӣ гуна бархурдор гардидед?

- Бояд бигӯям, ки дар роҳи санъат, махсусан таҳсилоти расмӣ гирифтани ман нақши Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Маҳз бо дастгириву ғамхориҳои эшон ба мактаби мусиқӣ дохил шуда, онро бо муваффақият хатм кардам. Ва боз бо роҳнамоиву кумаки он кас ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба шуъбаи сарояндаи анъанавии мусиқии суннатии тоҷик дохил шудам ва имсол хатм кардам.

- Бигӯед, ки таҳсилоти расмӣ гирифтан барои сароянда то кадом андоза муҳим аст? Сарояндаи таҳсилкарда аз таҳсилнокарда чӣ фарқ дорад?

- Таҳсилоти расмӣ гирифтан на танҳо дар соҳаи санъат, балки дар тамоми соҳаҳо шарт аст, чунки ҳар як нафар дар касби интихобкардаи худ бояд соҳибмаълумот бошад. Сарояндаи таҳсилкарда метавонад дар ансамблҳои давлатӣ фаъолият кунад, шогирд тарбия намояд, кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад ва дар рушди санъати тоҷик нақши сазовор гузорад. Ва боз ҳолати истисноӣ низ ҳаст, ки бархеҳо бидуни таҳсил ҳам бо ҳунари Худододиашон муваффақ мегарданд.

СУРУДЕ, ПАЁМЕ, ҒАМЕ, ШОДИЕ...

- Аввалин суруди хонаатон кай ва кадом буд?

- Агар хато накунам нахустин бор соли 2012 дар барномаи консертие бахшида ба Рӯзи модарон дар саҳна яккасароӣ карда будам.

- Барои шумо суруд чист: воситаи оромиши худ ё василаи паёмрасонӣ ба мардум?

- Ман ҳеҷ гоҳ сурудеро беэҳсос намесароям ва фикр мекунам, ки савту наво паёмрасон аст. Гоҳе аз шодӣ, гоҳе аз ғам, гоҳе аз муҳаббат, гоҳе аз хиёнат... паём медиҳад. Шунавандагон вобаста ба ҳолат ва шавқи худ суруд интихоб карда, гӯш мекунанд.

- Ба фикри шумо суруди хуб чӣ гуна аст?

- Суруди хуб ҳамонест, ки матну оҳанги дилнавоз дорад ва ба қалбҳо роҳ меёбад.

- Шумо дар баробари сурудан, инчунин, тарона менависед, оҳанг месозед. Бигӯед, ки вақте як суруд эҷод мекунед, аввал калимаҳояш пайдо мешаванд ё оҳангаш?

- Дуруст қайд кардед, дар баробари сарояндагӣ, инчунин, бо навиштани тарона ва сохтани оҳанг низ кам-кам машғул мешавам. Кори эҷодӣ якранг нест, мешавад ҳолате, ки аввал тарона тавлид мешавад ва баъд оҳанг, боз мешавад ҳолате, ки ҳама кор баръакс мегардад.

- Одатан ҷавонон сурудҳои ошиқӣ зиёд месароянд, чаро шумо дар ин қатор нестед?

- Бале, ҷавонон сурудҳои ошиқӣ зиёд гӯш мекунанд ва сарояндаҳое, ки чунин сурудҳо месароянд, зуд мухлиси зиёд пайдо мекунанд. Аммо ман сурудҳои ошиқиро он қадар дӯст намедорам, балки ошиқи сурудаҳои мондагор ҳастам ва ошиқи ҳунару садои Манижаи Давлат. Бештар дар васфи модар сурудан бароям руҳбахш аст.

АЗ ҲАР ҶО

- Вақте дилмондаед чӣ чиз шуморо ором мекунад?

- Дар вақти ғамгин будан, танҳоӣ ва оромӣ метавонад бароям таскин бахшад.

- Агар зиндагии шумо як суруд мебуд, он чӣ ном медошт?

- Ҳоло барои посухи ин суол омода нестам.

- Шумо кай худро воқеан хушбахт ҳис мекунед?

- Худро замоне хушбахт меҳисобам, ки чизе азиятам накунад ва руҳану ҷисман озод бошам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.