19 Сентябр 2026,
шанбе, 13:26, Душанбе
07.08.2025 10:13

Ҳинд мегӯяд дигар ҷангандаҳои радаргурези F-35-ро намехарад

Мақомоти Ҳиндустон пас аз боло гирифтани танишҳо бо ҳукумати Доналд Трамп гуфтаанд, ки ба ҷангандаҳои радаргурези  F-35 таваҷҷуҳ надоранд.

Тибқи гузориши расонаҳо Ҳиндустон ба ҷониби амрикоӣ иттилоъ додааст, ки аз хариди ҷангандаҳои F-35 худдорӣ мекунад ва ба ҷои он мехоҳад диққаташро ба лоиҳаҳои муштарак дар заминаи  рушд ва истеҳсоли таҷҳизоти ҳарбӣ дар дохили кишвар равона кунад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳукумати Нерандра Модӣ, сарвазири Ҳинд ҳамкорӣ дар истеҳсоли дохилии аслиҳа ва техникаи ҳарбиро нисбат ба хариди ҳавопаймоҳои тайёри хориҷӣ авлотар медонад. 

Ин мавқеъ дар ҳоле баён мешавад, ки Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ишора ба тарофаҳои баланди гумрукӣ  ва монеаҳои тиҷоратии Ҳинд эълон кард, ки аз 1-уми август барои молҳои ҳиндӣ 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ хоҳад кард. Блумберг менависад, ки ҳукумати Ҳиндустон дар ҳоли баррасии вокуниш ба тасмими Трамп аст, аммо ҳар гуна посухи фаврии интиқомҷӯёнаро рад кардааст.

Ба гуфтаи сарчашмаҳои огоҳ, ки Блумберг онҳоро зикр кардааст, ҳукумати Ҳинд баррасӣ дорад, ки барои ҳифзи робитаҳои тиҷоратӣ, воридоти бештар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла гази табиӣ, таҷҳизоти иртиботӣ ва тилоро афзоиш диҳад, вале ҳич барномаи нави харидани таҷҳизоти дифоиро надорад.

Дар гузориши Блумберг омдааст, Ҳиндустон ба мақомоти амрикоӣ гуфтааст, ки бо вуҷуди талошҳои пайвастаи Вашингтон барои густариши содироти аслиҳаи ҳарбӣ ба Деҳлӣ, ба ҷангандаҳои F-35 майл надорад. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки эҳтимоли тасвиби ҳич нав қарордоди бузурги дифоии нав бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ояндаи наздик вуҷуд надорад.

Ин гузориш меафзояд, ки мақомоти Ҳиндустон аз эълони Трамп дар бораи тарофаҳо рӯзи чаҳоршанбе “шок ва ноумед” шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҳукумат мехоҳад музокироти тиҷоратиро идома диҳад ва имконотро барои афзоиши харид аз бузургтарин шарики тиҷоратии худ баррасӣ кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

19.09.2026 12:05

Вазирони кишварҳои Шанхай дар Душанбе дар бораи интиқоли молу коло ва густариши тиҷорат гуфтугӯ карданд

Вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзи 17-уми сентябр дар ҷаласаи 25-уми созмони мазкур роҳҳои густариши тиҷорат, сода кардани расмиёти гумрукӣ ва таҳким додани роҳҳои интиқоли молу колоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
19.09.2026 08:21

“Бозиҳо душвор хоҳанд шуд”. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона эълон шуд

Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон кард.
18.09.2026 18:38

Ду кӯдак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.